Норасоии кадрӣ. Дар муассисаҳои тиббии кишвар 1100 табиб намерасад
Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи омори пешакӣ банд будани воҳидҳои кории табибон 95,7 ва кормандони миёнаи тиббӣ 100фоизро ташкил дода, нисбат ба як соли пеш тахминан 0,4% зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол, бинобар иттилои Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми вазири тандурустии кишвар, ҳоло дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ 1 100 табиб намерасад.
Гуфта мешавад, ки дар вилояти Хатлон 323, дар вилояти Суғд 297, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 263, дар марказҳои дармонии ҷумҳуриявӣ 78 дар ВМКБ 22 ва дар муассисаҳои тиббии тобеи дигар вазорату идораҳо 117 табиб намерасад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 1 142 табиб ва 2 143 корманди миёнаи тиббӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 537 табиб зиёд ва 937 корманди миёнаи тиббӣ кам мебошад.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)