< Ба 445 947 нафар кумак ва хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба 445 947 нафар кумак ва хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шуд

Ба 445 947 нафар кумак ва хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шуд
​Дар нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъкид шуд, ки шумораи умумии хонаводаҳои камбизоат бо назардошти гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоии соли 2025 дар маҷмуъ 234 590 оила буда, 14,2 фоизи нақшаи фарогирии солонаро ташкил медиҳад, ки 1,4 банди фоизӣ зиёд мебошад.

«Маблағгузории кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар 6 моњи соли 2026 дар ҳаҷми 120 373 617 сомонӣ амалӣ шудааст, ки 92 фоизи нақшаи нимсолаи якумро ташкил медиҳад», — зикр кардааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ба ҳолати 30-юми июни соли 2026 шумораи умумии шахсони маъюб дар кишвар 172 394 нафарро ташкил намуда, ҳиссаи маъюбон нисбат ба аҳолии кишвар 1,6% мебошад.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий