Ҳалокати як коргар дар ҳавзи заршӯӣ дар Дараи Зарбуз
Як манбаъ аз ҳукумати ин ноҳия рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Раҷабалӣ Шарифов барои кор ба ин минтақа рафта, нисфирӯзии 16-уми июн ҳангоми оббозӣ дар ҳавз ғарқ мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, ҷасадро баъди ду рӯз пайдо ва ба пайвандонаш супурданд.
«Ҳоло дар Дараи Зарбуз баъди рафтани чиниҳо, тоҷикҳо ва аслан мардуми таҳҷоии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кор мекунанд. Ин бача ду рӯз пеш барои коркунӣ ба назди бародараш рафта будааст ва рӯзи 16-уми нисфирӯзӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ мешавад ва мефавтад», -афзуд манбаи Радиои Озодӣ.
Дараи Зарбуз дар лаби дарёи Панҷ ва дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст. Ҳоло дар ин минтақа ду ширкат ба заршӯӣ машғуланд.
Давоми моҳҳои май ва июн чанд мавриди ҳалокати шаҳрвандон дар конҳои заршӯии минтақаи Кӯлоб сабт шудааст.
Рӯзи 8 июн дар кони тилои Шугнов дар ноҳияи Ховалинг, Рӯҳулло Кабиров 30-сола зери экскватор монд ва ба ҳалокат расид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пештар дар бораи ҷон бохтани Меҳроҷиддин Давлатзодаи 19-сола дар ҳамин кони тило гузориш дода буд. Ӯ бо мошини хокбардори худ рӯзи 9-уми июн ба ҳавз афтода буд.
Охири моҳи майи имсол ба болои коргарон дар Шугнов як кӯҳпора чаппа шуда, чаҳор нафар ҷони худро аз даст доданд. Мақомот сабаби ин ҳодисаро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ номиданд.
Салом: ozodi.org

Комментарии (0)