< Ҷасади Алишер Мирзонабот то ҳол пайдо нашудааст. КҲФ мегӯяд, ҷустуҷӯ идома дорад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷасади Алишер Мирзонабот то ҳол пайдо нашудааст. КҲФ мегӯяд, ҷустуҷӯ идома дорад

Ҷасади Алишер Мирзонабот то ҳол пайдо нашудааст. КҲФ мегӯяд, ҷустуҷӯ идома дорад
Ҷасади Алишер Мирзоабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва ҳамроҳони ӯ, ки дирӯз, 17-уми июн дар пайи ба дарёи Панҷ сарозер шудани мошини хидматии ӯ ҳалок шуданд, то ҳол пайдо нашудааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) ба «Азия-Плюс» хабар доданд.

Манбаъ гуфт, дар ҷое, ки мошин ба дарё афтод, корҳои ҷустуҷӯӣ то фаро расидани шаб идома дошт, аммо натиҷа надод. Субҳи имрӯз, 18-уми июн корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд.
Ба иттилои ин ниҳод дар мошин шахсони зерин ҳузур доштанд, ки ҳамаашон ғарқ шуданд:
— Алишер Мирзонабот — раиси ВМКБ;
— Амина Амонуллоева (46-сола) — ҳамсари ӯ;
— Орифа Мирзонаботзода (2-сола) — духтарчаи ӯ;
— Садоншо Ҷанобалишо (37-сола) — ёвари раис;
— Сино Муборакшоев (42-сола) — ронанда.
Ҳамдардии Рустами ЭмомалӣРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, ки Алишер Мирзонабот муовини ӯ дар ин ниҳоди қонунгузор буд, дар робита ба даргузашти раиси ВМКБ, ба пайвандону наздикони фавтида ва кормандони ҳукумати ВМКБ ҳамдардӣ кардааст.
                                    "                                          
»Марҳум бо хислатҳои неки инсонӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба давлату миллат ва хизматҳои арзандааш дар рушди ҷомеа дар хотири ҳамкорон ҷойгоҳи хоса касб намудааст. Хотираи неки Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳамеша дар қалбҳо зинда ва ҷовидон хоҳад монд», — зикр мешавад дар хабарноми шаҳрдории Душанбе.
                                         
Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон низ ба пайвандону наздикони Алишер Мирзонабот изҳори ҳамдардӣ карда, ба онҳо сабри ҷамил хоста буд.
Мошини хидматии Алишер Мирзонабот субҳи дирӯз, 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ дар километри 282-юми шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ», дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд. Дар дохили мошин худи Алишер Мирзонабот, Ҷанобилшоев Садоншо, ёрдамчии ӯ, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят қарор доштаанд.
Ба иттилои ВКД сабаби ҳодиса «суръати баланди ҳаракат» ва «аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани» ронанда гуфта шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар сари чанбари мошини тамғаи «Ланд Крузер-200», ки рақами қайди давлатиаш 287 ТҶ буд, Сино Муборакшоев менишаст. «
                                    "                                          
»Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншоотҳои муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад. Аз ҷойи ҳодиса як адад рақами қайди давлатии 287 ТҶ ва қисмҳои алоҳидаи воситаи нақлиёт пайдо карда шуд», — гуфтааст ин ниҳод.
                                         
Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, раиси КДАМ, раиси КҲФ ва дигар шахсони масъул дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва таҳқиқи қазия таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳур қарор дорад.
Дар бораи сарозер шудани мошини хидматии Алишер Мирзонабот «Азия-Плюс» бо такя ба манбаъҳояш хабар дода буд. Гуфта мешуд, ки мошини ӯ ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба ВМКБ дар мавзеи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарзер шудааст.
Манбаъҳои мо гуфтанд, мошин баъди 10 дақиқаи сарозер шудан ба дарё дар рӯйи об намоён буда, баъдан нопадид гаштааст ва ҷустуҷӯи он идома дорад.

Алишер Мирзонабот, ки ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палати болоии парлумон низ ҳаст аст, дирӯз, 16-уми июн дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор ширкат дошт. Ӯ то таъин шуданаш ба ҳайси раиси ВМКБ дар соли 2021, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) буд. Алишер Мирзонабот зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ мебошад.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий