Ҷамъоварии картошка ва пиёз дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Панҷ идома дорад
Кишоварзони Ҷамоати деҳоти «Кабуд Сайфиддинов» имрӯзҳо ба ҷамъоварии картошка ва пиёз машғул буда, ният доранд ҳарчи зудтар заминро ба кишти такрорӣ омода созанд. Хоҷагии деҳқонии «Муҳаммадҷон» 65 гектар замин дошта, дар он ҳама навъҳои зироат, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ ва полезӣ кишт ва парвариш карда мешаванд. Аз ҷумла, дар 30 гектар пиёз кишт карда шудааст, ки кишоварзон мақсад доранд аз он то 60-сентнерӣ ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. Зимни ҷамъоварии ҳосил 10 сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда шудаанд.
Тавре дар суҳбат бо мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Панҷ Сиҷоуддин Саидов изҳор дошт, маҳсулот баъди ҷамъоварии пурра содирот карда мешавад. Дар ин раванд нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, ба ин кор соҳибкорон ҷалб карда шудаанд.
Сиҷоуддин Саидов афзуд, ки дар як гектар 10 кг пиёз кишт карда мешавад. Бояд иброз намуд, ки деҳқонони соҳибтаҷрибаи хоҷагӣ тухмии картошка ва пиёзро худашон истеҳсол менамоянд, ки ин омил яке аз роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва хушсифат гардидани маҳсулот мебошад. Дар қисмате аз заминҳои хоҷагӣ баъди ғундоштани ҳосили пиёзи барвақтӣ зироати полезӣ кишт карда шудааст, ки аллакай дар нашъунамо қарор дорад. Кишоварзони хоҷагӣ мақсад доранд, ки пас аз ҷамъоварии ҳосили боқимондаи картошкаву пиёз заминро ба кишти такрорӣ, аз ҷумла полезӣ ва дигар навъи зироат омода созанд.
Сардори раёсати кишоварзии ноҳия иттилоъ дод, ки дар ноҳия беш аз 6 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда, дар баробари пешбурди рӯзгорашон инчунин дар таъмини амнияти ғизоии мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)