< Боздошти як корманди додситонӣ дар пайванд ба марги Меҳрона Ноибова » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти як корманди додситонӣ дар пайванд ба марги Меҳрона Ноибова

Боздошти як корманди додситонӣ дар пайванд ба марги Меҳрона Ноибова
​Ин духтари ҷавон 4-уми апрели имсол дар истироҳатгоҳи «Чорчаман"-и ноҳияи Дарвоз дар шароити мармуз ба ҳалокат расид.

Ду манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди расонаӣ шудани шикояти наздикони Меҳрона Набиева, муфаттиш Фирӯз Саидзода боздошт ва алайҳаш бар асоси моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Ин банди қонун барои ба худкушӣ расондани шахс аз се то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, қазияро Додситонии ноҳияи Сино таҳқиқ дорад ва Фирӯз Саидзода феълан дар боздоштгоҳ аст. Тафсилоти бештар дар бораи парванда ва инки Фирӯз Саидзода чӣ гуна Меҳрона Наибоваро ба худкушӣ расондааст, маълум нест.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, сарнавишти Давлат Арабзода, додситони дуввум, ки ҳамроҳи Меҳрона Наибова дар Дарвоз буд, маълум нест.
Назари ин ду муфаттиш, вакилону наздикони онҳо ва мавқеи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон ба ҳодиса ҳанӯз дастрас нашудааст.
Наздикони Меҳрона Ноибова пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ба фарзияи даст ба худкушӣ задани ӯ бовар надоранд.




Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ қаблан гуфта буданд, «ин ду корманди Додситонии кул бо гурӯҳе аз дӯстон аз пойтахт барои истироҳат ба Дарвоз рафтаанд ва Меҳрона Ноибова, сокини ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, яке аз ҳамроҳони онҳо будааст».

Ба иттилои манобеи огоҳи Радиои Озодӣ, ҳодиса соати 4-и субҳи рӯзи 4-уми апрел рух додааст. Дар наворҳое, ки Меҳрона як рӯз пеш аз ҳодиса дар саҳифааш дар Инстагарм нашр кардааст, шоду хандон ба назар мерасад ва ҳеч яъсу навмедӣ дар чеҳрааш дида намешавад.
«Чорчаман» истироҳатгоҳи маъруф дар ноҳияи Дарвоз аст. Ҷараёни рӯдхонаи Паткуноб дар ин ноҳия тез аст ва аз миёни истироҳатгоҳи «Чорчаман» гузашта, ба дарёи Панҷ мепайвандад.


Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)

Оставить комментарий