Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Иттилоъ дода шуд, ки дурнамои кишти картошка дар ҳама ҷамоату деҳоти ноҳия 7070 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 1500 гектар ба Ҷамоати деҳоти Далёни боло рост меояд.
Дар ноҳияи Деваштич, ки яке аз минтақаҳои асосии картошкапарварии мамлакат ба шумор меравад, сол ба сол майдони кишти картошка зиёд карда мешавад. Дар деҳаи Далёни болои ноҳия кишти картошка ва азхудкунии заминҳои нав идома дорад.
Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироат мувофиқ аст.
Инчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати обёрии заминҳо аз масофаи 12 километр тавассути қубурҳои қутрашон 400- миллиметрӣ оби худҷорӣ аз кӯҳ ба деҳа оварда мешавад.
Бо татбиқи ин иқдом беш аз 500 гектар замини ҷамоат бо об таъмин гардида, имкони истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида фароҳам меояд.
Дар айни замон қубурхобонӣ идома дошта, сокинон дар заминҳои азхудшаванда ба кишти картошка машғуланд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)