< Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад

Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад
​АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ ҳамзамон тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар самти зеҳни сунъӣ муҳокима гардид.

Таъкид шуд, ки зеҳни сунъӣ имрӯз ба яке аз омилҳои муҳими суръатбахшии инноватсия, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва таҳкими робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

Иштирокдорон оид ба аҳамияти татбиқи равишҳои ҳамоҳангшудаи минтақавӣ дар ташаккули экосистефмаҳои рақамӣ, рушди сармояи инсонӣ ва густариши табодули дониш дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ибрози андеша намуданд.

Дар анҷоми мулоқот гуфта шуд, ки густариши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ, таъмини рушди устувор ва пешрафти технологӣ дар минтақа аҳамияти муҳим дорад.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий