< Беш аз 200 ҳазор сомонӣ ёрии иттиҳодияҳои динӣ ба зарардидагони заминҷунбии Рашту Тоҷикобод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Беш аз 200 ҳазор сомонӣ ёрии иттиҳодияҳои динӣ ба зарардидагони заминҷунбии Рашту Тоҷикобод

Беш аз 200 ҳазор сомонӣ ёрии иттиҳодияҳои динӣ ба зарардидагони заминҷунбии Рашту Тоҷикобод
​Соли 2025 иттиҳодияҳои динӣ ба ятимону маъюбону камбизоатҳо ва зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод дар умум беш аз 11 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ёриҳои хайриявӣ кардаанд. Дар ин бора дар варақаи матбуотии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, ки дастрасӣ мо шуд, хабар дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, соли 2025 аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ ба ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба маблағи зиёда аз 11 миллион сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 4058 иттиҳодияи динӣ сабт шудааст. Аммо зикр намешавад, ки кадоме аз ин иттиҳодияҳо чӣ миқдор кумак кардааст.

Ба навиштаи Кумита, соли сипаришуда аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ маҳсулоти сохтмонӣ ва дигар эҳтиёҷоти зарурӣ кумак расонида шуд.

Бояд гуфт, дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрели соли 2025 дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар пайи ин заминларза, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 321 хонаи дигар зарари сабук дида буданд.

Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфта буд.

КҲФ гуфта буд, зарари заминларза дар умум беш аз 17,78 миллион сомонӣ (1,66 млн $) ҳисоб шуда, дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила зарар дидаанд. Мақомот моҳи ноябри соли 2025 хабар доданд, ки ҳамаи хонаҳои зарардида сохта ба сокинон дода шуд.

Хайрияи иттиҳодияҳои динӣ миёни ҷомеа агар аз як сӯ истиқбол шавад, аз ҷониби дигар интиқод мешавад. Сокинон мегӯянд, ки чанд сол боз бо тарғиби имомхатибон фитри рӯзаи худро ба масҷидҳо месупоранд, то маҳз ин иттиҳодияҳои динӣ онҳоро ба ятимону ниёзмандон расонанд.

Ғайр аз ин, баъзе сокинон аз халтаҳои хайриявие, ки масъулини масоҷиди кишвар дар намозҳои ҷумъа саф ба саф мегардонанд ва аз намозгузорон пул ҷамъ меоранд, танқид мекунанд. Ба гуфтаи имомхатибон, пули ҷамъомада барои пардохти пули барқ ва оби масҷид сарф шуда, инчунин ба ниёзмандон расонида мешавад.


Сарчашма: asiaplustj.info​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий