Теъдоди нафақагирон дар соли гузашта беш аз 40 ҳазор афзудааст
Дар соли 2025 теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон 40 ҳазору 516 нафар ё 4,8% зиёд шуда, то 1-уми январи соли 2026 дар кишвар 877 ҳазору 206 нафақагир ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар зимни ҷаласаи солонаи худ зикр кардааст.
Аз 1-уми сентябри соли гузашта дар баробари маошу идрорпулӣ, ҳаҷми нафақа ҳам зиёд гардид. Аз ҷумла, нақақаи суғуртавӣ аз 463 ба 509 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ аз 584 ба 641 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ аз 328 ба 362 сомонӣ баробар шуд.
Ба иттилои ин ниҳод, аз моҳи сентябри соли гузашта нафақаи 847 ҳазор нафақагир зиёд шудааст. Аз ин шумора, 346,5 ҳазор нафақаи суғуртавӣ, 272,7 ҳазор нафақаи меҳнатӣ ва 227,8 ҳазор нафақаи иҷтимоӣ мегирифтаанд. Мақомот мегӯянд, дар кишвар қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.
Бо ин ҳол нафақа дар Тоҷикистон пасттарин дар фазои пасошӯравӣ боқӣ мемонад.
Оҷонсӣ зикр кардааст, ки дар соли гузашта даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар 6 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки 109% нақшаи муайяншуда аст.
Дар ҳамин ҳол, аз нимаи дуюми моҳи ноябр то 30-уми декабр дар кишвар бақайдгирии рақамии нафақахӯрон гузаронида шуд. Ҳадафи барнома, «шаффофият ва самаранокии идоракунӣ, осон намудани хизматрасониҳо ва тасдиқи бехавфи шахсият» гуфта мешавад.
Қаблан аз Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки то 11-уми декабр дар кишвар ҳудуди 40% нафақахӯрон аз бақайдгирии рақамӣ ё аёнияткунонии чеҳра гузаштаанд. Маълум нест, ки то охири ин муҳлат ҳамаи нафақагирон аз бақайдгирӣ гузаштаанд, ё не.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)