< Имсол дар кадом минтақаи Русия нархи "патент" боло рафт ва ҳоло қимати он чанд аст? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имсол дар кадом минтақаи Русия нархи "патент" боло рафт ва ҳоло қимати он чанд аст?

Имсол дар кадом минтақаи Русия нархи "патент" боло рафт ва ҳоло қимати он чанд аст?
Аз 1-уми январи соли 2026 дар аксари минтақаҳои Русия арзиши иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ боло рафт. Мақомоти шаҳру ноҳияҳои ин кишвар гуфтанд, ки бо баланд кардани нархи патент ба буҷети маҳаллӣ маблағи бештар ҷорид мешавад.

Аз ҷумла, нархи иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон дар шаҳри Маскав ва вилояти он аз 8,9 то 10 ҳазор рубл, дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград — аз 6 то 8 ҳазор рубл боло рафт.

Имсол нархи муҷаввизи кор дар шаҳру минтақаҳои Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ қадар муайян шудааст, дар баргаҳои мо бубинед:

Ҳоло «патент» ба муҳоҷирон дар Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар як минтақа ва соҳаи муайян кор кунанд. Барои доштани «патент» муҳоҷирон пул пардохт мекунанд, ки арзиши моҳонаи он дар минтақаҳои Русия гуногун аст.

Дар ин матлаби мо дар бораи тағйиру иловаҳое, ки давоми соли 2026 дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират ворид шуданд, маълумоти бештар пайдо кунед.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий