Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми рушди малакаҳои касбӣ ва маориф дар Филиппин иштирок намуд
Дар форум Фарҳод Раҳимӣ ба масъалаҳои муҳими таҳияи лоиҳаҳо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла тартиби таҳияи лоиҳаҳо, баррасӣ ва роҳҳои бартарафсозии мушкилот, тарҳрезии самтҳои афзалиятнок, вазъи кунунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин ҷанбаҳои маблағгузории лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки Осиёии Рушдро тавзеҳ дод.
2 декабр дар доираи форум мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ бо директори калони Департаменти рушди захираҳои инсонӣ ва иҷтимоии Бонки Осиёии рушд хонум Аяко Инагаки баргузор шуд. Ҷонибҳо лоиҳаҳои марбут ба рушди таҳсилоти техникию касбӣ, аз ҷумла масъалаҳои таъмири муассисаҳои таълимӣ, муҷаҳҳазсозии онҳо бо таҷҳизоти муосир ва ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар раванди таълимро мавриди муҳокима қарор доданд.
Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ин зинаи таҳсилот на танҳо пояи асосии омодасозии мутахассисони сатҳи коргарӣ мебошад, балки омили бунёдии рушди иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ дар мамлакат аст.
Ҳамсуҳбатон бо таъкиди зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар самти омодасозии кадрҳои соҳибкасби техникӣ изҳор доштанд, ки татбиқи муштараки лоиҳаҳои пешниҳодшуда барои болоравии сатҳи омӯзиш ва эҳё шудани шабакаи муассисаҳои касбӣ аҳамияти хосса дорад.
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо мақсади рушди соҳа ба Бонки Осиёии рушд се лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ ва таълимӣ пешниҳод намудааст.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)