< Аз рӯйи истеъмоли гӯшт дар ИДМ Тоҷикистон дар зинаи охир ва яке аз қафомондаҳо дар ҷаҳон аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аз рӯйи истеъмоли гӯшт дар ИДМ Тоҷикистон дар зинаи охир ва яке аз қафомондаҳо дар ҷаҳон аст

Аз рӯйи истеъмоли гӯшт дар ИДМ Тоҷикистон дар зинаи охир ва яке аз қафомондаҳо дар ҷаҳон аст
Аз рӯйи миқдори истеъмоли гӯшт миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Тоҷикистон дар зинаи охир қарор гирифт. Тибқи маълумоти радабандии истеъмоли гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2025, ки аз ҷониби Telegram-канали «Геостатистика» таҳия шудааст, ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 35,9 кг гӯшт дар як сол рост меояд.

Барои муқоиса, дар Қазоқистон ин нишондиҳанда ба 70,2 кг ва Русия — ба 81,7 килограмм баробар буда, пешсаф миёни кишварҳои ИДМ Беларус мебошад, ки ба ҳар сари аҳолӣ — 94,5 килограамро ташкил медиҳад.

Дар Осиёи Марказӣ низ Тоҷикистон охирин аст: дар Қирғизистон истеъмоли гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол ба 38,2 кг, Ӯзбекистон — 42,4 кг ва Туркманистон — 59 кг баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, сокинони кишварҳои пешсафи истеъмоли гӯшт дар ҷаҳон Тонго ва Муғулистон ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол 130-140 кг гӯшт истеъмол мекунанд, ки чандин маротиба аз нишондиҳани сатҳи миёнаи ҷаҳон баландтар аст.

Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий