< Дар Теҳрон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Теҳрон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид

Дар Теҳрон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Эрон масъалаҳои амалисозии тавофуқоти ҳосилшуда дар сафарҳои охири сатҳи олӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба байни  ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба баргузории чорабиниҳои муштараки минбаъда ва нақши онҳо дар тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон табодули назар намуданд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий