< Санадро шаҳрдори Маскав имзо кард. Нархи патент барои муҳоҷирон дар ин шаҳр 10 ҳазор рубл мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Санадро шаҳрдори Маскав имзо кард. Нархи патент барои муҳоҷирон дар ин шаҳр 10 ҳазор рубл мешавад

Санадро шаҳрдори Маскав имзо кард. Нархи патент барои муҳоҷирон дар ин шаҳр 10 ҳазор рубл мешавад
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав қарори баланд кардани арзиши «патент» ё иҷозатномаи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди ин шаҳрро тасдиқ кардааст. Ҳамакнун, аз 1-уми январи соли 2026 муҳоҷирон ба ҷои 8 ҳазору 900 рубл ба буҷаи ин кишвар 10 ҳазор рубл пардохт мекунанд.

Дар ин бора хабаргузории «ТАСС» бо истинод ба ҳукумати ин шаҳр хабар додааст. Тибқи қонуни мазкур дар соли нав арзиши коэффитсиенте, ки хусусиятҳои минтақавии бозори меҳнатро дар Маскав инъикос мекунад, аз 2,8592 ба 2,9323 боло меравад. 
Охири моҳи октябр, Кумитаи сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Думаи шаҳри Маскав тарҳи қонун дар хусуси зиёд кардани боҷи «патент» барои шаҳрвандони хориҷиро омада ва баррасӣ карда буд
Маскав ягона минтақае нест, ки аз соли 2026 арзиши патнет барои муҳоҷирон дар он гарон мешавад. Соли оянда дар чанд шаҳру ноҳияҳои дигари Русия низ нархи иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон меафзояд.

Аз ҷумла, нархи патент дар вилояти Тюмен аз 9 ҳазору 385 ба 11 ҳазору 471 рубл, минтақаи Камчатка аз 9 ҳазор то 13 ҳазору 800 рубл ва дар вилояти Иркутс 12 ҳазор рубл мешавад.

Дар Дар Санк-Петербург ва вилояти Ленинград низ нархи муҷаввизи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз 6 ҳазори ҳозира ба 8 ҳазор рубл боло бурда мешавад. Нархи патент дар Новосибирск низ то 10 ҳазору 860 рубл баланд карда мешавад, ки нисбат ба соли 2025-ум 11% (2954 рубл) бештар аст. 
Боз дар кадом шаҳр чӣ қадар нарх баланд мешавад, дар ин матлаби мо мутолиа кунед.
Бояд гуфт, ки ҳамасола арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия тағйир меёбад ва дар минтақаҳои гуногун ба таври назаррас нарх боло бурда мешавад.
Ҳоло «патент» ба муҳоҷирон дар Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар як минтақа ва соҳаи муайян кор кунанд. Барои доштани «патент» муҳоҷирон пул пардохт мекунанд, ки арзиши моҳонаи он дар минтақаҳои Русия гуногун аст.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий