< Ваъдаи Нуриддин Саид дар Маскав: барои кӯдакони муҳоҷир мактаб месозем » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ваъдаи Нуриддин Саид дар Маскав: барои кӯдакони муҳоҷир мактаб месозем

Ваъдаи Нуриддин Саид дар Маскав: барои кӯдакони муҳоҷир мактаб месозем
Ба гуфтаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар Русия феълан мактабҳои якшанбегӣ роҳандозӣ шудаанд

 Дар назар аст, ки барои кӯдакони муҳоҷир дар Русия чанд мактаби якшанбегӣ ифтитоҳ шавад.

Ба гуфтаи вазир, дар ду шаҳри Русия - Маскав ва Челябинск феълан мактабҳои рӯзҳои таътилӣ фаъолият мекунанд. Онҳо бо кӯмаки диаспораи тоҷикон бунёд гаштаанд ва аз ҷониби вазорат бо китобу лавозимоти хониш таъмин гаштаанд.

"Нақша дорем дар ҳудуди Русия 5-6 мактаб бунёд кунем. Аммо ин ҳоло танҳо дар нақша аст", - афзуд вай.
Мактабҳо дар манотиқҳое бунёд мешаванд, ки диаспораи тоҷикон ҳузур дорад.

Ёдрас мешавем, имрӯз дар Маскав 7-умин конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий