«Somon AiR»: Имрӯз парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Алмаато ва Алмаато-Душанбе ба роҳ монда намешаванд
Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon AiR» ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки бинобар муваққатан аз фаъолият бозмондани фурудгоҳи шаҳри Алмаато иҷрои парвозҳо бо хатсайри Душанбе-Алмаато ва Алмаато-Душанбе, ки ба 12 январи соли равон ба нақша гирифта шуда буд, бекор карда шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon AiR».
Мусофирон оид ба ивази санаи парвоз ва ё баргардонидани маблағи чипта метавонанд ба нуқтаи хариди чипта муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин барои маълумоти бештар метавонанд бо телефони зерин 446404049, 446404050 ва суроғаи e-mail: call-center@somonair.com муроҷиат намоянд.

Комментарии (0)