Хабаргирӣ аз хонаводаҳои қурбониёни муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Шаҳрдори Исфара ба ҳолпурсии оилаҳои даҳ шаҳиди муноқишаҳои наздисарҳадии моҳи апрел дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурх рафта, аз аҳволи оилаи шодравон Ҳусейн Ҳакимов дар деҳаи Хоҷаи Аъло низ пурсид.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, зимни суҳбат бо аҳли байти ҷавонмардони ҷондода, аз шуҷоату ҷонфидоӣ ва садоқатмандии бемисли онҳо зикр карда, раиси шаҳри Исфара аз таҳсили фарзандон ва муаммою мушкилоти хонаводагии онҳо суол кардааст.
Баҳодурзода аз дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта, таъкид намудааст, ки ҳукумати ноҳия барои ҳалли мусбати ҳамагуна мушкилоти иҷтимоии хонаводаҳои қурбониён дар марз мусоидат мекунад.
Зимни тақдими маводи хӯрокворӣ ва туҳфаҳои солинавӣ Баҳодурзода, раисони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхро вазифадор намуд, ки аҳволу шароити зиндагии ин оилаҳоро таҳти назари доимии худ қарор диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрели соли равон дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёри ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон меанҷомад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)