< Баррасии парвандаи Ҳувайдо чаҳор соат идома пайдо кард, вале ниҳоӣ нашуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Баррасии парвандаи Ҳувайдо чаҳор соат идома пайдо кард, вале ниҳоӣ нашуд

Баррасии парвандаи Ҳувайдо чаҳор соат идома пайдо кард, вале ниҳоӣ нашуд
Мурофиаи навбатии қазияи қатли духтари панҷсола дар Русия боз ба таъхир гузошта шуд

Мурофиаи додгоҳии қазияи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола дар Русия боз ба рӯзи 29-уми декабр гузошта шуд.

Ҳарчанд қарор буд, мурофиаи рӯзи 22-юми декабр ниҳоӣ ва гумонбари ин ҳодиса ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Мурофиа рӯзи 22-юми декабр, пас аз чор моҳи таъхир аз сар гирифта шуд, вале бидуни ягон натиҷа ба анҷом расид. Ҳимоятгарони гумонбар ин навбат ҳам тавонистанд мурофиаро кашол диҳанд.

Фоҷеа дар Серпухов

Тобистони соли 2018 дар шаҳри Серпухов ҳодисаи даҳшатбор рух дод. Духтари панҷсола, ки шаҳрванди Тоҷикистон буд, аз майдончаи назди хона нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро аз даруни халтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий