Аз маориф то иқтисоду тандурустӣ: мулоқоти Муҳриддин бо Ом Бирла дар Ҳиндустон
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон қарор дорад.
Дафтари матбуоти ВУХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Муҳриддин дар ҷараёни сафари расмӣ бо Раиси Лок Сабҳа - Палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон Ом Бирла мулоқот намуд.
Гуфта мешавад, зимни суҳбат аз ҳамкориҳои феълии байнипарлумонӣ изҳори хушнудӣ намудааст.
"Таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули ҳайатҳои расмӣ ҷиҳати баррасии мавзӯъҳои авлавиятноки дуҷониба ва эътимоди мутақобилаи ду давлати бо ҳам дӯст амри зарурӣ мебошанд", - таъкид намудааст Ом Била.
Манбаъ меафзояд, дипломати тоҷик низ аз рушди ҳамкориҳои бештар миёни парлумонҳои ду кишварро ба мақсади мусоидат дар густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тиббӣ, афзоиши теъдоди бурсияҳои таълимӣ ва табодули таҷриба гуфт.
Ҷонибҳо инчунин атрофи дурнамои равобити дуҷониба дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ, ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, Ҳиндустон аз деҳаи Чортут то гардиши Айнӣ дар Душанбе шоҳроҳи ҳаштхаттӣ месозад, ки арзиши тахминии лоиҳа 17,54 миллион доллари маблағҳои грантиро ташкил медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 35 дарсади корҳо ба поён расида, 65 фоизи боқимонда бояд то моҳи октябри соли 2022 анҷом дода шаванд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)