< Додгоҳи Маскав парвандаи 5 зодаи Тоҷикистон барои фурӯши маводи мухаддирро баррасӣ мекунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Додгоҳи Маскав парвандаи 5 зодаи Тоҷикистон барои фурӯши маводи мухаддирро баррасӣ мекунад

Додгоҳи Маскав парвандаи 5 зодаи Тоҷикистон барои фурӯши маводи мухаддирро баррасӣ мекунад
Додситонии кулли Русия аз тасдиқи айбномаи давлатӣ алайҳи 5 зодаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам мешаванд

Парвандаи муттаҳамон дар муомилоти ғайриқонунии ҳудуди 34 кило ҳероинро додгоҳи вилояти Маскав баррасӣ мекунад.

Додситонии кулли Русия хабар додааст, ки айбнома алайҳи панҷ зодаи Тоҷикистон, ки дар қасди фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон айбдор мешаванд, тасдиқ гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, тафтишот муайян кардааст, ки муттаҳамон аз моҳи марти соли 2019 то моҳи майи соли 2020 ба фурӯшу паҳнсозии маводи мухаддир дар ҳайати гуруҳи муташаккили ҷиноӣ машғул будаанд.

Таъкид шудааст, ки мардони мазкур сарчашмаи расмии даромад надоштаанд.

Тавзеҳ дода шуд, ки фурӯши маводи мухаддир дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла шаҳру вилояти Маскав ва минтақаи Ставропол амалӣ мешуд. Дар пайи чораҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз муттаҳамон ҳудуди 34 кило героин мусодира шудааст.

Дар пайи тасдиқи айбнома парванда барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Можайски вилояти Маскав ирсол шудааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки Русия барои бозомӯзии кадрҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мекунад, мубориза бо маводи мухаддир дар минтақа таҳким бахшида шавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий