Ривояти Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ аз рӯзи фирори Ашраф Ғанӣ: Матинбек моро фиреб дод
Вазири дифои пешини Афғонистон дар бораи рӯз фирори раисҷумҳури фирории ин кишвар гуфт: раиси дафтари Ашраф Ғанӣ бо фиреб додани коркунони вазоратхона заминаи фирори вайро аз Афғонистон фароҳам кард
Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, сарпарасти пешини вазорати дифоъ яке аз авомили суқути Кобул ба дасти “Толибон”*-ро, Матинбек, раиси дафтари раёсат ҷумҳурӣ дониста ва гуфтааст, ки ӯ заминаи фирори Афӯшраф Ғаниро фароҳам кард.
Вазири дифои давлати пешини Афғонистон дар Твиттер дар бораи рӯзи фирори Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури фирории ин кишвар навишт: “Яке аз сабабҳои суқут Матинбек (раиси дафтари Ашраф Ғанӣ) буд; Зеро вай дар Твиттер навишт, ки мардумро итминон дод, ки дар Кобул ягон таҳдиде вуҷуд надорад ва ману ҳамкорони маро фиреб дода, ба фирори Ғанӣ мусоидат кардааст”.
Муҳаммадӣ таъкид кард: "Қарор буд, ки аз фурудгоҳ иттилоъ бигирем, ки иттифоқе дар ҳол рух додааст, аммо ин маъмури суқут бо аҷала ба вазорати дифоъ омада , гуфт, ки “раис соҳиб” барои суханронӣ инҷо “вазорати дифоъ” меояд".
Дар ҳамин ҳол, Матинбек ахиран барои пуштибонӣ аз Ғанӣ узр хост ва гуфт, фурӯпошии Афғонистон дар соли 2014 оғоз шуд; Вақте ки Ашраф Ғанӣ ба сари қудрат омад.
Кобул рӯзи 15 август бидуни даргириҳо ба дасти “Толибон”* гузашт ва ҳукумати Афғонистон суқут кард.
Қаблан нашрияи "Ҳашт Соб"-и Афғонистон ба нақл аз як манбаъ хабар дода буд, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар моҳи август аз тариқи Ӯзбекистон аз ин кишвар фирор карда ва тавассути Қазоқистон ба Имороти Муттаҳидаи Араб парвоз кардааст.
Хабаргузории “Ҳашт Соб” гуфтааст, ки рӯзи 15 август барои фирор аз Афғонистон чанд чархбол истифода шуд, ки дар Кохи раисиҷумҳур дар ҳолати изтирорӣ ҳузур доштанд.
Дар авоили моҳи август Толибон ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон афзоиш доданд; 15 август онҳо вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълон карданд, ки ҷанг тамом шудааст. Дар ду ҳафтаи ахири моҳи август фурудгоҳи Кобул, ки таҳти назорати Амрикоиҳо буд, ба таври оммавӣ шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо кор мекарданд, ба дигар кишварҳо интиқол доданд.
Комментарии (0)