< Пешниҳоди Раҳмон: дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса боз шавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пешниҳоди Раҳмон: дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса боз шавад

Пешниҳоди Раҳмон: дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса боз шавад
Тоҷикистон мехоҳад барои таъмини кадрҳои баландихтисос дар иқтисоди миллӣ кадрҳоро дар Фаронса омода кунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафараш ба Фаронса бо раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше масоили ҳамкориҳои сиёсӣ ва робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ кардаанд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот Фаронсаро шарики боэътимод ва ҷойгоҳи онро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳиму афзалиятнок маънидод намудааст.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва равобити барои ду кишвар судманд омодагии худро иброз доштанд.

Таъкид гардидааст, ки дар муносиботи ду кишвар ҳамкории байнипарлумонӣ мавқеъи хоса дошта, Тоҷикистон барои омӯзиши системаи пешрафтаи меъёрҳои парлумонӣ ва ҳуқуқии Франсия омода аст.

Раҳмон ва Ларше бахшҳои ояндадори ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, ҷониби Тоҷикистон идомаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак бо истифодаи таҷрибаи бойи Фаронса ва истифодаи имкониятҳои ширкатҳои фаронсавӣ зарур шумурдааст.

Дар мулоқот, таъмини кадрҳои баландихтисос дар бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷудо кардани квотаҳо барои таҳсили шаҳрвандон дар муассиааҳои олии Фаронса ва таъсиси филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Масоили Афғонистон дар ин дидор низ канор намондааст.

Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ҷонибҳо оид ба ҳалли қазияи Афғонистон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ, дахолати ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, андешаронӣ карданд.

Дар поёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон Жерар Ларшеро ба Тоҷикистон даъват кардааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий