Вазорати адлия гуфт, Сайфуллозодаро узви гурӯҳи "Раҳмон Гитлер" латукӯб кард
Вазорати адлия овозаҳо дар бораи шиканҷа шудани Ҳикматулло Сайфуллозодаро рад кард ва гуфт, ки ӯ бо як маҳбуси муноқиша кардааст
Вазорати адлияи Тоҷикистон хабарҳо дар бораи истифодаи шиканҷа нисбати Ҳикматулло Сайфуллозода, узви зиндонии собиқ Ҳизби Наҳзати исломиро (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) рад кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин вазорат.
Дар изҳороти Вазорати адлия қайд шудааст, ки овозаҳо дар бораи шиканҷаи Сайфуллозода дар муассисаи ислоҳии 3/1 Вазорати адлия асос надоранд.
Илова бар ин, қайд карда мешавад, ки дар маҳбас санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷаи он муайян карда шудааст, ки Ҳикматулло Сайфуллозода бо як маҳбуси дигар муноқиша кардааст.
Маълум шуд, ки 5 сентябри соли 2021 байни Ҳикматулло Сайфуллозода ва узви собиқи гурӯҳи террористӣ Аслиддин Турсунов, ки бо ҷурми бандитизм ва гаравгонгирӣ маҳкум шудааст, дар заминаи бархӯрди манфиатҳои маишӣ муноқишаи лафзӣ сар задааст
"Дар натиҷа, Турсунов Аслиддин ба таҳқири Ҳикматулло Сайфуллозода тоб наоварда, ӯро латукӯб кардааст", - омадааст дар иттилоияи Вазорати адлияи Тоҷикистон.
Муайян карда шудааст, ки Турсунов қаблан узви гурӯҳи террористии Раҳмон Сангинов бо номи "Раҳмон Гитлер" буд.
Бино ба иттилоъи вазорати адлия, роҳбарияти муассисаи ислоҳӣ бинобар вайрон кардани тартиботи дохилӣ, Турсуновро дар ҳамон рӯз барои адои ҷазо ба муддати 15 рӯз дар утоқи ҷазо ҷойгир кард.
Дар мавриди вазъи саломатии Сайфуллозода бошад, ташхиси пешакии тиббӣ нишон дод, ки ӯ осеби ҷисмонӣ нагирифтааст ва ба ёрии тиббӣ муроҷиат накардааст.
Ҳикматулло Сайфуллозода 70 сол дошта, дар гузашта сухангӯи ҲНИТ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) ва рабари нашрияии ҳизбии "Наҷот" буд ва соли 2015 боздошту ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.
Комментарии (0)