Тоҷикистон боз 800 ҳазор воя ваксина дарёфт мекунад
Моҳи ҷорӣ Тоҷикистон боз 800 ҳазор воя ваксина алайҳи бемории коронавирус дастрас кунад.
Дар ин бора Вазорати беҳдошт хабар дода, тавзеҳ дод, ки ваксина аз кадом давлатҳо ворид мешавад.
Бар хабари ин ниҳод, моҳи равон 500 ҳазор воя ваксинаи истеҳсоли аврупоии "AstraZeneca" ва 302 ҳазор воя доруи сохти чинӣ - "CoronaVac" ворид мешавад. Алъон корҳои ҳуҷатгузорӣ барои ворид намудани ин миқдор ваксина идома дорад.
Бояд гуфт, ки қаблан дар доираи барномаи COVAX ба Тоҷикистон 4 861 540 воя ваксин фиристода шуд ва маъракаи ваксиназании шаҳрвандон ҷараён дорад.
Вазорат мегӯяд, маъракат ваксиназанӣ феълан бо 5 навъ дору, аз ҷумла "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfaizer" ва "Спутник V" сурат мегирад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)