< Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи саломатии Мавзунахони 8- сола шинос шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи саломатии Мавзунахони 8- сола шинос шуд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи саломатии Мавзунахони 8- сола шинос шуд
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шоми 5 октябр дар шаҳри Хуҷанд бо вазъи саломатии Мавзунахони 8-сола, ки дар пайи муноқишаи оилавӣ ҷароҳат бардошта буд, шинос шуд, хабар доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҷараёни табобати бемор шинос гардида, ҷиҳати расонидани хизмати саривақтӣ ба ҷабрдида ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин Вазири тандурустӣ иброз дошт, ки табобати ин бемор пурра аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба роҳ монда мешавад.

Айни замон вазъи саломатии Мавзунахони 8 -сола муътадил буда, ӯ зери назорати махсуси табибон қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 1 ба 2 октябр, тахминан соати 01:00, сокини 39-солаи шаҳри Хуҷанд  Мансур Мирзоахмедов  дар хонаи истиқоматиаш ба узвҳои бадани ҳамсараш- зани 32-сола ва фарзандони ноболиғаш, духтарони 8 ва 11-сола, ки дар ҷойгаҳ хоб будаанд, бо истифода аз корд якчанд маротибагӣ ба қафаси сина ва узвҳои ҳаётан муҳимашон задааст, ки дар натиҷа духтари 11-солааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Сипас, гумонбаршаванда бо мақсади худкушӣ бо корд ба қафаси сина ва дастонаш зарба зада, ба худаш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.

Ҳамсар ва духтари 8-солаи ноболиғаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий