< Раҳмон аз ҷоннисориҳои сокинони Кӯлоб гуфту аз чолишҳои ҷадид ҳушдор дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмон аз ҷоннисориҳои сокинони Кӯлоб гуфту аз чолишҳои ҷадид ҳушдор дод

Раҳмон аз ҷоннисориҳои сокинони Кӯлоб гуфту аз чолишҳои ҷадид ҳушдор дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷоннисориҳои мардуми Кӯлоб дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар кишвар гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони Хатлон аз рушди вилоят тайи 30 соли гузашта гуфта, таъкид намуд, ки барои расидан ба чунин рӯзҳои осудаву босаодат, сокинони Хатлон хизмати таърихӣ анҷом додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, барои ҳифзи истиқлолу озодӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми ватандӯсти вилояти Хатлон ва хусусан, сокинони ғаюру далери шаҳри бостонии Кӯлоб фидокориву ҷоннисориҳои зиёд кардаанд.

Вай таъкид намуд, ки давлату Ҳукумат ва мардуми қадршиноси Тоҷикистон хизмати таърихии онҳоро ҳамеша арҷ мегузоранд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба чолишҳои нав дар минтақа мардумро ба ҳушёрию зиракӣ даъват намуд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки мардуми матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат бо ҳисси баланди миллӣ ҳушёру омода хоҳанд буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий