< Боздошти як мард дар Суғд ба гумони куштани духтараш » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти як мард дар Суғд ба гумони куштани духтараш

Боздошти як мард дар Суғд ба гумони куштани духтараш

Ӯ ҳамсар ва дигар духтарашро низ бо корд захмӣ кардааст.


Кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд як марди 39-соларо ба гумони одамкушӣ боздошт намуданд.

“Ӯ дар хонаи истиқоматиаш ба узвҳои бадани ҳамсараш, зани 32-сола ва фарзандони ноболиғаш, духтарони 8 ва 11-сола, ки дар ҷойгаҳи худ хоб будаанд, бо истифода аз корд якчанд маротиба ба қафаси сина ва узвҳои ҳаётан муҳимашон зарба задааст, ки дар натиҷа духтари 11-солааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ҳамсар ва духтари 8-солаи ноболиғаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, сипас гумонбаршаванда бо мақсади худкушӣ бо корд ба қафаси сина ва дастонаш зарба зада, ба худаш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.

Зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Хуҷанд мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 32 ( Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.


Комментарии (0)

Оставить комментарий