< Дар Кобул задухӯрди шадид миёни "Толибон"* ва ҷангиёни "ДОИШ"* идома дорад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Кобул задухӯрди шадид миёни "Толибон"* ва ҷангиёни "ДОИШ"* идома дорад

Дар Кобул задухӯрди шадид миёни "Толибон"* ва ҷангиёни "ДОИШ"* идома дорад
Дар Кобул задухӯрдҳо миёни ҷангиёни "Толибон"* ва "Доиш"* идома дорад. Зимни як муноқишаи ахир, толибон ҷангиёни "ДОИШ"* -ро маҳв намуданд

"Толибон"* як гурӯҳи иборат аз ҷангиёни "ДОИШ"*-ро дар Кобул нобуд карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи ин ҳаракат дар Афғонистон.

Бар хабари манбаъ, ҷангиёни "ДОИШ"* дар минтақаи Хайр-Хон зимни як тирпаронӣ кушта шуданд.

Маълум гардидааст, ки садои тир пас аз сар задани ду таркиш дар шимоли Кобул баланд шуд.

Ин ҳамлаҳо дар ҷараёни як амалиёти вижае сурат гирифтанд, ки "Толибон"* пас аз як ҳамлаи бузурги террористӣ дар наздикии масҷиди "Идгоҳ" ташкил карданд.

Ҳангоми маросими дафни модари котиби матбуотии ин ҷунбиши радикалӣ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид як маргталаб маводи мунфаҷираро тарконд, ки дар натиҷа 12 нафар кушта шуда, беш аз 30 тани тани дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд.

Вақтҳои охир задухӯрдҳо байни "Толибон"* ва "ДОИШ"* рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Қаблан намояндагони "Толибон"* изҳор доштанд, ки ба ҳузури "ДОИШ"* дар Афғонистон иҷозат нахоҳанд дод.

*созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия

Комментарии (0)

Оставить комментарий