Дар Душанбе ҷаласаи Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор гардид
1 октябр таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, аъзои Гурӯҳи корӣ ва сармоягузорони дохилӣ ва хориҷии муқими Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи корӣ, мундариҷаи «Роҳнамои сармоягузорон», бознигарии шакли шиносномаҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва мушкилоти сармоягузорони дохилӣ ва хориҷии муқими Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Комментарии (0)