Ифтитоҳи зеристгоҳҳои барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” аз ҷониби раисҷумҳур
Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад. Субҳи имрӯз роҳбари давлат зеристгоҳҳои барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” ифтитоҳ карду бо лоиҳаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҷумҳурӣ ва сохтмони НБО “Себзор” шинос шуд
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” оғоз бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Ба иттилои манбаъ, зеристгоҳи барқии “Хоруғ” дар назди НБО-и Хоруғ дар масоҳати 4850 ва зеристгоҳи “Помир-1” дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 2615 метри мураббаъ бунёд карда шудаанд.
Шиддати зеристгоҳи барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” 110 кВ буда, дар ҳар кадоми он ду трансформатор бо тавоноии 25 ҳазор кВт насб гардидааст.
Гуфта мешавад, ки барои харидорӣ ва васлу насби таҷҳизоти навтарини соҳа дар зеристгоҳҳои “Хоруғ” ва “Помир-1”, ки марҳилаи сеюми Лоиҳаи хусусии энергетикии Помирро дар бар мегирад, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария ва қисман аз тарафи ширкати “Помир Энерҷӣ” 1 млн. 967 ҳазор ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 393,4 ҳазор доллар ҷудо карда шудааст.
Лоиҳаи хусусии энергетикии Помир — марҳилаи III ба беҳтар намудани фаъолияти “Помир Энерҷӣ” ва баланд бардоштани самаранокӣ ҳамчун унсурҳои муҳими устувории дарозмуддат нигаронида шудааст.
Лоиҳаи мазкур бо назардошти осебпазирии минтақа аз офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим, инчунин беҳдошти самаранокии неруи барқ ва идоракунии марҳилаи авҷи сарбории шабакаҳо бо харҷи кам тарҳрезӣ шудааст.
Таъкид шудааст, ки татбиқи лоиҳа зеристгоҳҳои мазкур тавоноии “Помир Энерҷӣ”-ро баланд мебардорад.
Иттилоъ дода шудааст, ки васлу насби таҷҳизот ва сохтмони зеристгоҳҳоро бо фармоиши “Помир энерҷӣ” мутахассисони ширкатҳои ватании “Мадад”, “Помир энергосервис” ва “Худоёрбек” анҷом додаанд
Қайд карда шудааст, ки зеристгоҳҳо имконоти навро дар самти коҳиши минбаъдаи талафот, таъмини беҳтар ва боэътимоди неруи барқи тоза ба шумораи бештари аҳолӣ, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии неруи барқ фароҳам меоранд.
Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки зерисгоҳҳои нав имкон медиҳанд талафоти неруи барқ дар вақти сарбории шабакаҳои барқӣ ба миқдори 2,5 МВт барқарор гардида, интиқоли боэътимоди неруи барқ ба минтақаҳои дорои талаботи афзоянда дар ҳудуди ВМКБ ва инчунин минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон таъмин карда шавад.
Гуфта шудааст, ки ба кор андохтани зеристгоҳҳо марҳилаи нав ва таърихии таъмини неруи барқ дар ВМКБ мебошад, зеро нахустин маротиба системаи энергетикии минтақа ба иқтидори 110 кВ мерасад.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО-и “Себзор”ва татбиқи барномаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҷумҳурӣ ба таври маҷозӣ шинос шуд.
Бояд қайд кард, ки НБО-и “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа ҷойгир буда, то имрӯз барои заминагузорӣ ба оғози корҳои сохтмонӣ чораҳои зарурӣ бо муваффақият анҷом дода шудаанд. Ҳоло кӯчонидани хонаҳои истиқоматии дар минтақаи сохтмонбуда ба дигар мавзеъ ва сохтмони бинои маъмурии иншоот пурра ба анҷом расонида шуда, тағйир додани маҷрои дарё ва корҳои заминӣ дар иншоот бомаром рафта истодааст.
Татбиқи Лоиҳаи бунёди ин иншооти гидроэнергетикӣ моҳи декабри соли 2020 оғоз гардидааст.
Неругоҳ аз се агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он аз рӯи лоиҳа 11 мегаватт дар як шабонарӯз мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 54 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
НБО-и “Себзор” дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза сохта шуда, он ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Лоиҳаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят ба ҳалқаи ягонаи энергетикии мамлакат беш аз 90 фоиз иҷро гардидааст ва имрӯз васлу насби сутунпояҳои оҳанӣ ва кашидани хатҳои барқии баландшиддат дар масири пешбинишуда бо маром ҷараён дорад.
Дарозии хати интиқоли барқи бунёдшаванда 24,3 километрро ташкил медиҳад ва барои амалӣ намудани лоиҳа 4,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Иншоот соли 2022 ба кор андохта мешавад ва дар ин замина мушкилоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар самти дастрасӣ ба неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза бартараф хоҳад шуд.
Комментарии (0)