Дар Дарвоз бо иштироки ду ҳазор афсару сарбоз гузашти низомӣ сурат гирифт
Эмомалӣ Раҳмон, ки феълан дар ноҳияи Дарвоз қарор дорад, дар гузашти низомии нерӯҳои қӯшунҳои сарҳадӣ, хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуд
Гузашти низомӣ бо иштироки ду ҳазор афсару сарбоз, 50 техника ва муҳимоти ҷангӣ баргузор шуд.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт. Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки роҳбари давлат дар ноҳияи мазкур дар гузашти низомӣ иштирок намуд.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон нахуст сарбозонро бо солгарди истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, саҳми афсарону сарбозонро дар таъмини сулҳу суботи кишвар назаррас арзёбӣ намудааст.
"Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хидматчиёни ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадӣ ва хидматчиёни ҳарбии дигар навъи қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хидмати содиқонаи халқу Ватан ва савганди ҳарбӣ ҳидоят намуд", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, пас аз суханронии сарвари давлат гузашти низомӣ ва намоиши техникаи ҳарбӣ сурат гирифт.
Гузашти низомӣ бо иштироки ду ҳазор афсару сарбоз, 50 техника ва муҳимоти ҷангӣ баргузор шуд.
Комментарии (0)