< Боздошти 36 нафар бо силоҳи сард дар Душанбе: 17 - тои онҳо ноболиғанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти 36 нафар бо силоҳи сард дар Душанбе: 17 - тои онҳо ноболиғанд

Боздошти 36 нафар бо силоҳи сард дар Душанбе: 17 - тои онҳо ноболиғанд
Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе мегӯяд, омори расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифодаи аз силоҳи сард нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст

Дар Душанбе ба хотири ҷилавгирӣ аз содир шудани ҷиноятҳои куштору кордкашӣ, амалиёти "Корд" боз ҷоннок гардидааст.

Бар хабари Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе, кормандони ин ниҳод аз 21 то 26 - уми сентябр амалиёти мазкур роҳандозӣ намуданд, ки дар натиҷа 36 нафар ҷавонону ноболиғон боздошт шуданд, ки бо худ силоҳи сард мегардонданд.

Манбаъ меафзояд, аз ин шумора 17 нафар ноболиғ буда, 18 тани дигарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

"Аз онҳо дар маҷмӯъ 26 адад кордҳои гуногунтамға, 6 адад кастет ва 4 адад чубдаст дарёфту мусодира карда шуд", - омадааст дар хабар.

РВУД дар пойтахт меафзояд, нисбати 6 нафар ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 7 то 10 шабонарӯз ва дар қиболи волидони ноболиғон протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуд.

Дар ҳамин ҳол зикр гардид, ки ба фарқ аз солҳои пеш, содиршавии ҷинояти авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифодаи аз силоҳи сард коҳиш ёфтааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий