< Сиёсатмадори қирғиз ҷузъиёти кор бо Тоҷикистон оид ба марзро ифшо кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сиёсатмадори қирғиз ҷузъиёти кор бо Тоҷикистон оид ба марзро ифшо кард

Сиёсатмадори қирғиз ҷузъиёти кор бо Тоҷикистон оид ба марзро ифшо кард
Намояндаи ҳукумати Қирғизистон ба таври муфассал шарҳ дод, ки оид ба масоили марз бо Тоҷикистон чӣ пешрафт ба даст омадааст

Намояндаи махсуси девони вазирон оид ба масъалаҳои сарҳадии дастгоҳи президент Назирбек Борубаев дар муколама бо 24.kg гуфт, ки корҳо оид ба аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон босуръат идома доранд.

Вай афзуд, ки кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад тақвият ёфтааст. Ҳоло бошад, мутахассисон дар маҳал кор мекунанд, дар ҷаласаҳои ҳукумат моҳе ду маротиба нозукиҳои ҳуқуқӣ ва дипломатӣ мушаххас карда мешаванд. Сокинони маҳаллӣ низ ба корҳои саҳроӣ ҷалб карда мешаванд.

Намояндаи мақомоти Қирғизистон қайд кард, ки ӯ наметавонад маълумотро дар бораи кадом қитъаҳои аллакай мувофиқашуда ифшо кунад, аммо афзуд, ки дар вохӯриҳои ахир бар бораи 70 километр сарҳади кишварҳо қарор қабул шуд.

Пеш аз ҳама, ҷонибҳо дар соҳаҳое кор мекунанд, ки ҳарду ҷумҳурӣ даъвои ҳудудӣ надоранд, гуфт Борубаев.

"Имзои протокол маънои онро дорад, ки мо бо омӯзиш, тафтиш ва муҳокимаи баъзе қитъаҳои сарҳад ба як қарори умумӣ омадем. Ғайр аз он, протоколҳои мо пешниҳод карда мешаванд, сипас дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ баррасӣ карда мешаванд", - шарҳ дод намояндаи девони вазирон.

Вай қайд кард, ки мақомот наметавонанд протоколҳоро рад кунанд, балки танҳо метавонанд тағироте ворид кунанд, ки ҳарду ҷонибро қонеъ кунад.

Борубаев инчунин гуфт, ки барои деҳаҳои ноҳияҳои Кок-Тош ва Оқсой, ки ба хати сарҳад хеле наздиканд ва ҳатто дар шакли тахтаи шоҳмотанд, стратегияи беҳтарин мубодилаи қаламравҳо аст, аммо дар ҳоли ҳозир кор бинобар ҳолатҳои ғайриқонунии хариду фурӯши хонаҳо ва қитъаҳо баста шудааст.

Намояндаи девони вазирони Қирғизистон оид ба масъалаҳои сарҳад афзуд, ки ҳарду ҷониб дар аломатгузорӣ ва тақсими сарҳадҳои давлатӣ фаъолона ширкат меварзанд, зеро онҳо ба ҳалли ин масъала манфиатдоранд. Агар як тараф аз гуфтушунид саркашӣ кунад, кор қатъ мешавад.

Ба гуфти ин намояндаи Қирғизистон, бо Google гуфтушунид идома дорад, зеро сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар харитаҳо нодуруст нишон дода шудааст. Вай гуфт, ки Картографияи давлатии Қирғизистон дар ин масъала фаъолона кор мебарад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий