< СААД ба худдорӣ аз даргириҳои қавмию мазҳабӣ дар Афғонистон даъват кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СААД ба худдорӣ аз даргириҳои қавмию мазҳабӣ дар Афғонистон даъват кард

СААД ба худдорӣ аз даргириҳои қавмию мазҳабӣ дар Афғонистон даъват кард
Кишварҳои узви СААД дар изҳороти муштаракашон гуруҳои қавмию мазҳабӣ дар Афғонистонро ба худдорӣ аз даргирӣ даъват намуданд

Дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони мудофиа, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД ва котибони Шӯрои амнияти ин созмон изҳороти муштарак дар бораи вазъи Афғонистон қабул карда шуд.

Дар изҳорот аз тамоми гуруҳҳои қавмию мазҳабии Афғонистон даъват шудааст, ки аз даргириҳои мусаллаҳона худдорӣ намоянд.

Таъкид шудааст, ки дар Афғонистон бояд чораҳои зарурӣ барои ба эътидол овардани вазъ, ҳифзи ҳаёти сокинони мулкӣ, барқарории сулҳ, рушди иқтисод ва решакан кардани ҷиноятҳои террористию маводи мухаддиротӣ амалӣ шаванд.

Дар баробари ин кишварҳои узви СААД зарур хондаанд, ки ҳар хатари бархоста аз қаламрави Афғонистон ҷилавгирӣ шавад. Инчунин азми қотеъ барои истифода аз имконоти созмон барои таъмини амнияти кишварҳои узв баён шудааст.

Инчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват шудааст, ки кумакҳои башардӯстонаро ба ҷомеаи Афғонистон афзоиш диҳанд.

СААД омодагиашро барои кумак ба Афғонистон дар масъалаи таъмини сулҳу субот ва рушди кишвари озод аз терроризму маводи мухаддир баён доштааст.

Дар баробари ин таъкид шудааст, ки кишварҳои узви созмон омодаанд, талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои эътидоли вазъи Афғонистон зери назару ҳамоҳангии СММ дастгирӣ намоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий