Лавров гуфт, Ғанӣ даъватнома ба Душанберо гирифт, аммо вазъ тағйир ёфт
Раиисҷумҳури собиқи Афғонистон метавонист, дар ҷаласаи ҷашнии СҲШ дар Душанбе иштирок кунад, агар қудрат тағйир намеёфт
Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон, даъватнома ба ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ - ро гирифта буд. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Лавров зикр намуд, ки Афғонистон мақоми нозир дар СҲШ - ро дорад. Намояндагони кишварҳои нозир ба гуфтаи ӯ, дар ҳар ҷаласаи созмон иштирок мекунанд.
Даъватнома ба чорабиниро собиқ раисиҷумҳури Афғонистон низ гирифта буд.
"Аммо дар робита ба таҳаввулоти Афғонистон, ки раисиҷумҳур Ғанӣ аз кишвар фирор карду ин амалашро ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ гуфт, вазъ тағйир ёфт" - изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия.
Ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе 16 - 17 сентябр баргузор мешавад. Яке аз масоили меҳварии ин мулоқот масоили Афғонистон мебошад.
Дар ҳамин ҳол мақомдорони кишварҳои узви СААД созиш кардаанд, ки чораҳои муштарак барои бартарафсозии таҳдидҳо аз Афғонистонро такмил медиҳанд.
Станислав Зас, дабири кулли СААД мегӯяд, дар сурати ташдиди вазъ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон барои кишвар тамоми кумакҳо, аз низомӣ то дипломатӣ ироа хоҳад шуд.
Созмони террористии "Толибон"* 15 август вориди Кобул шуда, аввали моҳи сентябр эълон кард, ки Панҷшер, ягона вилояти берун аз тасаллути ҷангиёнро низ зери итоати худ даровард. Аммо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, таслими "Толибон"* нашуда, мубориза барои озодию адолат дар ин кишварро идома хоҳад дод.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Комментарии (0)