"Намехоҳад дигаронро дар хатар гузорад": Песков сабаби нарафтани Путинро ба Душанбе гуфт
Далели асосии қарантин ё худинзивои раисиҷумҳури Русия - доштани иртибот бо гирифторони коронавирус гуфта шуд
Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, гуфт, ба рӯзноманигорон гуфт, барои чӣ Владимир Путин сафараш ба Душанберо лағв кард.
Ба гуфтаи Песков, Путин намехоҳад, саломатии шариконашро зери хатар гузорад.
"Амалан президент нафари иртиботдошта бо шахси бемор ҳисоб мешавад ва бояд мавқеи бомасъулонаро ишғол кунад. Набояд саломатии шарикони худ - иштирокдорони ҳамоишҳои Душанберо зери хатар гузорад", - изҳор дошт Песков.
Инчунин гуфта мешавад, раисиҷумҳури Сурия, Башор Асад нафари бемор нест, ки Путин бо ӯ иртибот доштааст.
Дар ҳамин ҳол Песков афзуд, ки Владимир Путин фавран пас аз тамос бо нафароне, ки маризи коронавирус буданд, аз ташхис гузашт ва натиҷаи ташхис манфӣ баромад.
"Ӯ куллан сиҳат ва саломат аст", - таъкид намуд сухангӯи Путин.
Феълан маълум нест, ки ин маризон хешовандон, муҳофизон ва ё кормандони хадамоти протоколӣ будаанд ё нафарони дигар.
Қаблан иштироки Путин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД рӯзҳои 16 - 17 сентябр дар назар буд. Аммо Кремл эълон кард, ки ба далели қарантин Путин дар ҳамоишҳои Душанбе тариқи видеоконфронс иштирок хоҳад кард.
Комментарии (0)