Барномаи сафари расмии Мирзиёев дар Тоҷикистон: мулоқот бо Раҳмону Путин ва Имрон Хон
Дар рӯзи аввали саммит, раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия мулоқот мекунад. Ҳамчунин вохӯрии ӯ бо сарвазири Покистон Ирон Хон низ дар назар аст
Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳафтаи равон бо сафари расмӣ озими Тоҷикистон мешавад.
Сухангӯи ӯ, Шерзод Асадов зимни як нишаст изҳор дошт, ки Мирзиёев ба хотири иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай меҳмони Тоҷикистон мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзи аввали нишаст, Шавкат Мирзиёев бо раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дидору гуфтугӯ доир мекунад.
Гузашта аз ин, Мирзиёев рӯзи 16 сентябр бо сарвазири Покистон, Имрон Хон мулоқот мекунад.
Зимнан, рӯзи 17 сентябр мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардад ва дар ин рӯз, сарвари Ӯзбекистон бо раисиҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки созмони мазкур имсол аз бистумин солгарди худ ҷашн мегирад.
Гуфта мешавад, пас аз анҷоми чорабинӣ, раёсат дар СҲШ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон мегузарад.
Дар баробари ин, формати нави нишасти "Созмони Ҳамкории Шанхай - Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ" баргузор мешавад. Дар ҷараёни ин нишаст, раисиҷумҳурон ва сарвазири Покистон вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Комментарии (0)