< Аввалин сафари хориҷии президенти тозаинтихоби Эрон аз Тоҷикистон сар мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аввалин сафари хориҷии президенти тозаинтихоби Эрон аз Тоҷикистон сар мешавад

Аввалин сафари хориҷии президенти тозаинтихоби Эрон аз Тоҷикистон сар мешавад
Ин нахустин сафари хориҷии Раисӣ пас аз интихоб шуданаш ба мақоми президенти Эрон аст

Президенти тозаинтихоби Эрон, Иброҳим Раисӣ ҳафтаи ҷорӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар Душанбе корҳо барои пурра кардани қисми муҳими сафари расмии ба нақша гирифтаи раҳбари Эрон ва ҳамзамон Русияву Покистон идома доранд.

Ба иттилои манбаъ, зимни сафар ба Тоҷикистон Раисӣ Вай ҳамчунин дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат хоҳад кард, ки дар он масъалаи шомилшавии комили Эрон ба СҲШ баррасӣ мешавад.

Ҳоло Эрон ба мисли Беларус, Афғонистон, Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро дорад.

Теҳрон ҳанӯз соли 2005 дар Созмони Ҳамкории Шанхай мақоми нозир гирифт ва пас аз он барои узвияти комил дар соли 2008 дархост дод. Аммо то соли 2015 Эрон наметавонист бинобар таҳримҳои байналмилалии бар зиддаш эълоншуда ба узвияти ин иттиҳод пазируфта шавад. Таҳримҳо соли 2015 — замоне бекор карда шуданд, ки Теҳрон барои маҳдуд кардани барномаи ҳастаияш розӣ шуд.

Нишасти сарони СҲШ рӯзҳои 16-17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад. Ҳоло аъзои созмон Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки Тоҷикистон дар сӯрати иттифоқи назари аъзо, аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят мекунад.

Қаблан сафири Русия дар Эрон Леван Ҷагарян изҳор дошт, ки Маскав аз дархости Теҳрон барои узвияти комил дар СҲШ пуштибонӣ мекунад.

Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байнулмилалии байниҳукуматӣ буда, аз ҷониби раҳбарони Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий