< АМА барои шаҳрвандони Тоҷикистон карантинро бекор кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

АМА барои шаҳрвандони Тоҷикистон карантинро бекор кард

АМА барои шаҳрвандони Тоҷикистон карантинро бекор кард

Тоҷикистон ба сафи кишварҳои аз минтақаи “сабз” бо сатҳи пасти паҳншавии коронавирус шомил аст.


Кумитаи идораи ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва офатҳои табиӣ ва Раёсати фарҳангу сайёҳии Абу-Заби дар бораи бекор шудани карантини ҳатмӣ барои воришдшавандагон ба ин кишвар аз як қатор давлатҳо хабар дод.

Мувофиқи изҳороти ин мақомот, хориҷиёне, ки ваксина гирифтаанду он аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба қайд гирифта шудааст, аз 5 сентябр бидуни карантини ҳатмӣ ба ин кишвар омада метавонанд.

Тавре ки CentralAsia иттилоъ медиҳад, инчунин шаҳрвандон аз кишварҳои минтақаи “сабз” низ бидуни худгӯшагирӣ (карантин)-и ҳатмӣ метавонанд аз кишвар боздид намоянд.

Тоҷикистон ҳамроҳи Туркманистон ва Қирғизистон ба рӯйхати давлатҳо аз минтақаи “сабз” бо сатҳи пасти паҳншавии коронавирус шомил аст .

Пас аз гузаштан аз ПСР-тест дар фурудгоҳ воридшудагон гузарномаи “сабз”-и худро фаъол намуда, он ҷиҳати боздиди онҳо аз ҳамаи ҷойҳои ҷамъиятӣ ва иншооти сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) имкон фароҳам месозад.

Зимнан зикр мешавад, ки рӯйхати “сабз”-и Аморот аз 55 кишвар иборат аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий