Раҳимзода гуфт, Тоҷикистон тавони қабули зиёди гурезаҳоро надорад ва аз СММ кумак хост
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кишвар наметавонад теъдоди зиёди паноҳандагонро аз Афғонистон қабул кунад
Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир тавоноии қабули теъдоди зиёди паноҳандагонро аз Афғонистон надорад. Дар ин бора вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар мулоқот бо роҳбари Идораи паноҳандагони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мулугет Зевдӣ, ки 1 сентябр дар Душанбе доир шуд, изҳор дошт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Афғонистон ва роҳҳои муфиди ҳифзи ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ва расонидани кӯмак ба онҳо табодули афкор намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ масъалаҳои ба танзим даровардани кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯяндаро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ менамояд.
"Танҳо дар 15 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 оилаҳои гурезаҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи аҳли оилаи онҳо 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад", - гуфтааст Раҳимзода.
Ӯ инчунин таъкид кардааст, ки дар давраи ғасби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 5000 хизматчии ҳарбӣ ақибнишинӣ карданд, ки давоми як ҳафта дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити мусоид таъмин карда шуда, сипас бо роҳи осоишта онҳо ба ватан баргардонида шуданд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки дар минтақаи дахлнопазири сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 80 оила бо фарзандони худ ҳузур дошта, аз тарсу ваҳми қасди кушторашон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд.
Вазири корҳои дохилӣ вобаста ба ҳодисаҳои охири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нигаронӣ намуда, изҳор доштааст, ки номуайянии қудрати сиёсӣ, надоштани назорати пурра аз болои гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳолати бади башардӯстона дар ин кишвар заминаҳои мусоидро барои ноором сохтани вазъ дар минтақа фароҳам овардааст.
"Илова бар ин қайд гардид, ки дар ин замина имконоти таҳдидҳои террористӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва тарканда, инчунин интиқоли ҷалбгарони терроризм ба дигар давлатҳо афзоиш меёбад. Ин далелҳо ба амнияти натанҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балкӣ барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад", - афзудааст вазири тоҷик.
Раҳимзода гуфтааст, бо мақсади сохтани лагерҳо ҳанӯз аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули гурезагон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Фархор, Ш.Шоҳин ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 га замин, ки сохтани инфрасохтори мутобиқро тақозо менамояд, ҷудо карда шуда, ба ташкилоту созмонҳои дахлдор барои кӯмак пешкаш шуда буд.
"Аммо дар давоми 20 сол аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст. Бинобар ин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад", - гуфтааст вазир.
Номбурда барои таъмиру таҷдид ва шароити зисти "Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда", воқеъ дар ҷамоати деҳоти "Панҷ"-и ноҳияи Ҷайҳуни кӯмаки Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид зарур хондааст.
Вазир гуфтааст, ки ниҳоди зертобеяш, аз ҳар гуреза ташхиси коронивирус мегирад, бо онҳо суҳбатҳои шахсӣ мегузаронад то аъзои созмонҳои террористӣ зери ниқоби паноҳанда вориди Тоҷикистон нашаванд.
Дар ин ҷода мақомоти корҳои дохилӣ омода аст бо Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ҳамкорӣ намояд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ҳамкориҳоро дар самти кор бо гурезаҳо, паноҳҷӯяндагон ва шахсони бешаҳрванд густариш хоҳанд дод.
Комментарии (0)