< Нахустин зан - генерал: Президент ба Барно Саидвализода рутбаи генералӣ дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нахустин зан - генерал: Президент ба Барно Саидвализода рутбаи генералӣ дод

Нахустин зан - генерал: Президент ба Барно Саидвализода рутбаи генералӣ дод
Саидвализода Барно Саиднабӣ нахустин зан дар 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад, ки рубтаи генералӣ гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон ба Саидвализода Барно Саиднабӣ, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар нахустин зан бо рутбаи баланди “генерал-майори милитсия” сазовор дониста шуд.

Инчунин бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба 37 нафар рутбаҳои баланди генералӣ дода шуданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба 37 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-полковники милитсия”, “генерал-лейтенанти адлия”, “генерал-майори адлия”, “генерал-лейтенант”, “генерал-майор”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майори хизмати дохилӣ” ва “генерал-майори хадамоти гумрук”, супорида шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий