< Қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмонҳои Душанбе риоя мешаванд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмонҳои Душанбе риоя мешаванд?

Қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмонҳои Душанбе риоя мешаванд?

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи истеҳсолот 35 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст.

На дар ҳама ҷо бинокорон кулоҳ доранду ҳатто ҷое камарбандҳои бехатарӣ зимни корҳои васлу насб дида намешаванд.

Бино ба маълумоти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи истеҳсолот 35 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 17 нафар ҳалок ва 18 коргар осеб дидаанд. Ба оилаҳои онҳо ба маблағи ҳудуди 598 ҳазор сомонӣ кумак карда шудааст.


Сабабҳои асосии фоҷиаҳо маъмулианд - ҳеҷ касе бо сохтмончиён дастурҳои оддии бехатариро намефаҳмонад, қоидаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат риоя намешаванд, дар ҷойҳои корӣ шароити бехатар фароҳам оварда нашудааст ва боз дигар сабабҳо.

Моликони сохтмонҳо маъмулан таҷҳизоти муҳофизатӣ намехаранд. Корманд бо хоҳишаш худашро бо онҳо таъмин мекунад, аммо аксарият, албатта, намехоҳанд, ки барои ин пул харҷ кунанд.

Боз як мушкилие, ки мақомоти шаҳр ба он кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, бо панҷара иҳота нашудани баъзе иншооти сохтмон мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий