< Рустами Эмомалӣ бо намояндаи БҶ масъалаи таъмини пойтахт бо обро баррасӣ кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Рустами Эмомалӣ бо намояндаи БҶ масъалаи таъмини пойтахт бо обро баррасӣ кард

Рустами Эмомалӣ бо намояндаи БҶ масъалаи таъмини пойтахт бо обро баррасӣ кард
Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳайати Бонки ҷаҳонӣ (БҶ)-ро таҳти сарварии Директори минтақавии Бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова ба ҳузур пазируфт.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ҳукумати шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҳаки асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ, инчунин рушди низоми рақамӣ дар шаҳри Душанбе ташкил дод.

Дар вохӯрӣ ҷаноби Озан Севимли ба ҳайси Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанберо мусбат арзёбӣ карданд.

“Дар сурати сари вақт амалӣ намудани Лоиҳа беш аз 120 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз хизматрасонии беҳтаркардашудаи таъминоти об ва корезӣ баҳра бурда, талафоти оби нӯшокӣ кам мегардад ва шумораи садамаҳо дар шабакаи обрасонӣ ва корезӣ коҳиш меёбад”, - омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таъминоти оби нӯшокӣ ва раъфи партовобҳо атрофи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ табодули назар намуданд.

Дар ин робита, масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз ва сохтмони "Иншооти обтозакунии Варзоб" бо иқтидори 275 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз муҳокима гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин мавзӯоти марбут ба ҳамкориҳои шаҳрдорӣ ва Бонки ҷаҳониро дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои банақшагирифтаи КВД "Шаҳри ҳушманд (Smart City)" баррасӣ намуданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои барои ҳару ду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро роҳандозӣ намоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий