Блогери маъруф ва овозхони тоҷик раводид ё визаи тиллоӣ соҳиб шуд
Блогери маъруф ва овозхони тоҷик #Абдурозиқ, раводид ё визаи тиллоӣ ва дарозмуддати Имроти Муттаҳидаи Арабро соҳиб шуд. Ин навъи виза ба ӯ имкон медиҳад, ки 10 сол дар АМА кору зиндагӣ кунад.
Бино ба навиштаи Thenationalnews Абдурозиқ, нахустин нафаре аз Тоҷикистон аст, ки ин визаро ба даст овардааст. Раводиди тиллоии АМА ба блогери тоҷик рӯзи душанбе дар Абу Дабӣ тақдим шудааст.
Абдурозиқ бо гузоштани аксе аз ин маросим дар сафҳаи Инстаграмаш ба мақомоти Абу Дабӣ ташаккур гуфтааст.
“Ифтихор мекунам, ки ҷавонтарин ва аввалин нафаре ҳастам, ки визаи тилоии яксолаи Иморотро гирифтам. Ин лаҳзаи таърихӣ аст,”-гуфтааст Абдурозиқ.
Абдурозиқ блогери маъруфи тоҷик дар Инстаграм аст. Шумори обуначиёни ӯ дар ин шабака 1,2 миллион мебошанд.
Ӯ бо ҷуссаи хурд аз аксар ҳамсолонаш фарқ мекунад. Ба Абдурозиқ замоне таваҷҷуҳ карданд, ки дар кӯчаву бозорҳои зодгоҳаш “бо сӯзу гудоз” тарона мехонд. Бо ёрии репсарои тоҷик Барон, Абдурозиқ аз Панҷакент ба пойтахт омад.
Шӯҳраташ пас аз эълони як муҳориба бо ҷавони кӯтоҳқаде аз Доғистон #Hasbulla ба авҷи худ расид.
Ин блогер ва овозхони 17-солаи тоҷик чандест, ки дар Дубай қарор дорад. Охири ҳафтаи гузашта блогери тоҷик дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар миёни наврасону ҷавонон ширкат кард ва бо задани зангӯла ба рақобатҳо оғоз бахшид.
Сар аз соли 2019 дар АМА ба сармоягузорони хориҷӣ ва мутахассисони ботаҷрибаи хориҷӣ "визаи тилоӣ" тақдим мекунанд. Раводиди тилоии АМА, ки акнун Абдурозиқ онро дорад ба соҳибаш имкон медиҳад, то 10 сол дар ҳудуди ин кишвар зиндагӣ кунад.
Ин виза маъмулан ба тоҷирону сармоягузорон ва афроди соҳибистеъдод аз ҷумла овозхону оҳангсозон дода мешавад.

Комментарии (0)