< 44 ҳазор зодагони Тоҷикистон соҳиби шиносномаи русиягӣ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

44 ҳазор зодагони Тоҷикистон соҳиби шиносномаи русиягӣ шуд

44 ҳазор зодагони Тоҷикистон соҳиби шиносномаи русиягӣ шуд
44 ҳазор зодагони Тоҷикистон соҳиби шиносномаи русиягӣ шуд

Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна тақрибан 210 тоҷикистонӣ соҳиби шаҳрвандии Русия мешаванд, бармеояд аз омори расмии имсола.

Тоҷикистониҳо аз рӯи теъдоди гирифтани шаҳрвандии Русия баъди Украина дар мақоми дуюм қарор доранд.

Аз оғози соли равон беш аз 44 ҳазор зодагони Тоҷикистон соҳиби шиносномаи русиягӣ шуда, аз рӯи теъдод дар зинаи дуюм ҷой гирифтаанд, бармеояд аз оморе, ки дар сомонаи  ВУД Русия нашр шудааст.

Украина дар ин самт пешсаф мебошанд, ки тайи ҳафт моҳи аввали соли равон 184 ҳазор нафарашон шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд.
Дар маҷмуъ ба шаҳрвандии Русия аз аввали соли равон 351 ҳазору 670 хориҷӣ қабул пазируфта шудаанд.

Дар ин миён ҳудуди 23 ҳазор нафар қазоқистонӣ мебошанд, ки макони нави зиндагияшонро Русия интихоб кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар солҳои қаблӣ низ шаҳрвандони Украина ва Тоҷикистон аз пешсафон дар гирифтани шаҳрвандии Русия буданд. Бар асоси омори расмӣ, бештари онҳое, ки шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд, аз собиқ кишварҳои Иттиҳоди шӯравӣ мебошанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий