< Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Толибзода раиси идораи замин таъйин шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Толибзода раиси идораи замин таъйин шуд

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Толибзода раиси идораи замин таъйин шуд
Мухбира Қобилзода, ки се моҳи пеш раиси Идораи заминсозӣ дар вилояти Суғд таъйин шуда буд, аз ин мақом барканор шудааст

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезия бо судури фармон дар зерсохтори ин ниҳод дар вилояти Суғд, таъйиноти кадрӣ гузаронидааст.

Бино ба иттилоъи манобеъи наздик ба ҳукумати вилояти Суғд бо фармони раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезия, Тоҳир Толибзода, раиси Идораи заминсозӣ дар вилояти Суғд таъйин шудааст.

"Қарор аст, пагоҳ бо иштироки масъулини Кумитаи заминсозӣ ҷаласа баргузор шуда, Толибзода ба унвони раиси нави Идораи заминсозӣ муаррифӣ шавад", - гуфт манбаъ.
Толибзода дар ин мақоми вазифавӣ ҷойи Мухбира Қобилзодаро иваз мекунад.

Қобилзода се моҳи пеш, дар нимаи моҳи апрел бо фармони Ориф Хоҷазода, ба ҷойи Ҷамшед Умарзода, раиси Идораи заминсозӣ дар вилояти Суғд таъйин шуда буд.

Он замон сабаби барканории Умарзода ба ҷойивазкунии кадрӣ ё ротатсияи мансабдорони давлатӣ рабт дода мешуд, ки дар ин мақом беш аз панҷ сол кардааст.

Тоҳир Толибзода, то ин замон раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.

Бо омадани ӯ ба вазифаи сардори Идораи заминсозии Суғд, Қобилзода раиси идораи замин дар шаҳри Гулистон таъйин шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий