< Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи амният баррасӣ гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи амният баррасӣ гардид

Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи амният баррасӣ гардид
8 август муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаи Афғонистон Юе Сяоюнро ба ҳузур пазируфт.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, инчунин вазъи амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий