< КДАМ Қирғизистон: тоҷикистониён дар як минтақаи муайяннашуда девор месохтанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

КДАМ Қирғизистон: тоҷикистониён дар як минтақаи муайяннашуда девор месохтанд

КДАМ Қирғизистон: тоҷикистониён дар як минтақаи муайяннашуда девор месохтанд
КДАМ Қирғизистон мегӯяд, ҳодиса дар "Майдони футболбозӣ" дар деҳаи Мақсад рух додааст

Дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон тоҷикистониён ба сохтани девори гирду атрофи хона пардохтад, ҳоло корҳо боз дошта шудааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба КДАМ.

Тибқи иттилои КДАМ Қирғизистон, ҳодиса дирӯз тахминан соати 18:30 дар "Майдони футболбозӣ" - қитъаи аломатгузоринашудаи деҳаи Мақсад рух додааст.

Гуфта мешавад, ки сохтмонро сокинони деҳаи Овчӣ-Калъача анҷом додаанд.

Манбаъ афзуда, ки дар ин росто, фавран намояндагони сарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон гуфтушунид гузаронидаанд.

Дар натиҷаи гуфтушунид, соати 18:50 корҳои сохтмонӣ қатъ карда шудаанд.

Феълан, вазъият дар марз муътадил арзёбӣ мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий