< Тоҷикистон то ҳол пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ дорад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон то ҳол пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ дорад

Тоҷикистон то ҳол пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ дорад
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҷумҳурӣ барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб надоранд

Завқӣ Завқизода, вазири иқтисод ва савдо имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро то ҳол баррасӣ дорад.

Вазири тоҷик афзуд, ки то кунун барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тавофуқе нашудааст.

“Ин мавзуъ ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ аст”, -қайд кард Завқи Завқизода.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зикр кард, ки ин иттиҳод тоза таъсис шудааст ва барои ҳар кишваре, ки мехоҳад узви он шавад, муҳлате лозим аст то паҳлӯҳои мухталифи ин мавзӯро баррасӣ кунад.

“Замони дақиқи тасмимгирии он мушаххас нест, зеро дар ин бора набояд зуд тасмимгирӣ шавад”, - гуфт вазир.

Ёдрас мешавем, ки мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳафт сол аст, ки дар дастури кори ин ниҳод қарор дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий